26-27-уми феврали соли 2024 -ум дар меҳмонхонаи “ Тоҷикистон” –и шаҳри Душанбе вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ва иҷрои нақшаи кори Вазорати адлия дар нимсолаи якуми соли 2024-ум барои кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” семинари 2 рӯзаи омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкурро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд низоми нави расондани ёрии ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрӯз ёрии ҳуқуқии якумдараҷа дар 49 шаҳру ноҳия ва ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар давраи фаъолият ва амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ба зиёда аз 118 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонда шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28-ум декабри соли 2023-юм ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ум “Соли маърифати ҳуқуқӣ ” эълон гардид, ки дар ин замина тамоми мақомоти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки дар соли 2024 ҷиҳати баланд гардонидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми худро гузоранд.
Бояд зикр кард, ки он натиҷаҳое, ки мо то ба имрӯз дар ин самт ба даст овардаем басанда нест ва дар ин сол ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти худро дучанд намуда баҳри баланд гардонидани маърифати ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем. Чунки пешрафти давлат ва сулҳу суботи ҷомеа аз доштани маърифати волои ҳуқуқӣ вобастагии калон дорад.
Дар охир аз ҷониби вазири адлия ба иштирокчиёни семенари омӯзишӣ ҷиҳати азхуд кардани донишҳои нави ҳуқуқӣ ва баланд гардонидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тавсияҳо дода шуда, ба онҳо барори кор таманно карда шуд.