Санаи 16-уми августи соли равон вохӯрии навбатии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва зерсохторҳои Вазорати адлия дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Масчоҳ бо фаъолону кормандони касбу кори гуногун бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ», инчунин 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён баромад намуда, изҳор доштанд, ки ҳадафи эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд. Таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар баробарӣ тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон хеле муҳим аст.
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки имсол, яъне дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” 30-юмин солгарди Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки санади сарнавиштсози миллат ба ҳисоб меравад, таҷлил карда мешавад. Конститутсияи Тоҷикистон дар замони муракаб ва ноамниҳои кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид буд, ки он имрӯз ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон намуда, кафолат медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз шаванд.