• Ҷаласаи мазкурро иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ Раҳим Зафар Ҳаким оғоз намуда, доир ба нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023-юм ироа гардид, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023-юм, №668 “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024”, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва оид ба баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва маърифати экологии шаҳрванд баромад намуд.

Мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷа – Бобозода Фаридун Сайфидин ва Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав - Расулзода Шаҳодат вобаста ба тақвияти ҳамкории ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва “Дастурамал оид ба кор бо ёрдамчиёни ҷамъиятӣ” баромад намуданд. Дар ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён барои беҳтар намудани ҳамкорӣ дархосту пешниҳодҳо манзур карда шуда дар доираи мушкилиҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.